Нишасти матбуотӣ

7 ятими кул аз пардохти маблағи шартнома озод гардид

№95-96 (3575-3576) 28.07.2016

Дар нишасти матбуотие, ки 22 июли соли 2016 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма ва устодони ин донишкада сурат гирифт, нахуст аз фаъолияти таълимӣ ва вазъи иҷтимоиёти донишҷӯён сухан рафт.

Ректори донишкада Диловар Қодирзода, аз ҷумла, зикр кард, ки соли ҷорӣ ҳафт нафар донишҷӯеро, ки ятими кул мебошанд, аз пардохти маблағи шартнома пурра озод карданд ва барои онҳо ҷиҳати таъмини сару либос маблағ ҷудо шуд.

Якчанд сол аст, ки донишкада сарпарастии мактаб — интернатро дар ноҳияи Сангвор ба уҳда дорад. Имсол ният доранд барои анҷоми корҳои хоҷагии муассисаи мазкур як автомашина тақдим намоянд.

Дар донишкада бо мақсади таъмини сифати таҳсилот тағйироти фаннӣ ба амал омад. Аз ҷумла, адабиёти таълимӣ ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр шуд. Душвориҳои машғулияти таҷрибаомӯзӣ, таъмини ҷойи хоби донишҷӯён, пардохти саривақтии маблағи шартномаҳо, бастани шартномаҳо байни корхонаю донишкада аз мушкилоти асосии фаъолият мебошад.

Дар донишкада нақшаҳои таълимӣ барои 23 ихтисос ва зинаҳои гуногун таҳия шуд, ки баҳри самаранок ба роҳ мондани раванди таълим мусоидат мекунад.

Ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ва дар ин замина ба хориҷа фиристодани донишҷӯёни тоҷик яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти донишкада мебошад. Ҳоло донишкада бо 80 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад.

- Бо мақсади тавсеаи робитаҳои хориҷӣ, омодасозии кормандони баландихтисоси соҳаи саёҳат, туризм ва меҳмондорӣ котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ бори дуюм ба донишкада ташриф оварда, ҳидоят намуд, ки мо вобаста ба байналмилаликунонии донишкада ва дар оянда ҳамроҳ шудан ба рейтинги байналмилалӣ омодагӣ бигирем, — изҳор дошт дар имтиҳо Диловар Қодирзода.

 Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»