Аз нишастҳои матбуотӣ

Қабули ҳафт санади меъёрии ҳуқуқӣ

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

АГЕН ХИЗ ДАВ (1)- Соли гузашта Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи 11 санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуд, ки аз он 7 тоаш қабул гардида, 4 санад дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 18 феврали соли равон директори агентии зикршуда Ҷумъа Давлатов.

Бино ба гуфти ӯ, мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 19210 нафар, аз ҷумла, теъдоди занҳо 4485 нафар ё 23,3 фоиз, теъдоди ҷавонони то 35 — сола 9095 нафар ё 47,3 фоиз, синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ 37,3 солро ташкил медиҳад. Аз шумораи 5718 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1098 нафар ё 19,2 фоизашон занон мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба 1 январи соли ҷорӣ 78 нафар ва занони роҳбар 51 нафар зиёд шудааст.

Соли гузашта кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 413 ҷаласаи комиссияҳои озмунии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд. Зимни онҳо барои ишғоли 4091 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, ба 3435 мансаби холӣ бо иштироки 6833 нафар, аз ҷумла 1319 нафар занон, озмун гузаронида, ба 2538 нафар, аз ҷумла 637 нафар занон, барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуд.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдел солҳои 2010-2019 магистратураи яксолаи Академияи идоракунии давлатиро 676 (занон -196 нафар) нафар хизматчиёни давлатӣ бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» хатм намуданд. Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳои Академияи идоракунии давлатӣ, Агентии хизмати давлатӣ ва бунёди мазкур барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи дусола (таҳсил дар баробари фаъолияти корӣ) бо ихтисоси «Идоракунии давлат» ташкил карда шуда, ба он 51 нафар хизматчиёни давлатӣ ба таҳсил ҷалб гардиданд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки китоб­ҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» ва «Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар кадом бо теъдоди 3000 нусха чоп ва ба кормандони мақомоти давлатӣ дастрас шуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»