Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «12,3 миллиард сомонӣ пули нақд дар муомилот аст»

№92 (3886) 31.07.2018

DSC_9769Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон муътақиданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2018 дар натиҷаи мувозинати талаботу пешниҳодот дар бозори истеъмолии кишвар ва татбиқи сиёсати монетарии зиддитаваррумӣ сатҳи муътадили таваррум нигоҳ дошта шуд.Тибқи маълумоти оморӣ,  сатҳи таваррум дар ин давра 0,9 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 банди фоизӣ кам мебошад.

Раиси бонки зикршуда Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки  нишондоди таваррум ба ҳадафи муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқ аст ва тамоми тағйирёбии он дар доираи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шудааст. Инчунин, пули нақд дар муомилот 12,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 5,7 фоиз зиёд аст.

Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи муътадили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, алалхусус паст гардидани хавфҳои таваррумӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ сатҳи меъёри бозтамвилро тадриҷан поён бурда, 14 фоизи солона муқаррар намуд.Сиёсати реҷаи қурбии «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» идома ва дар моҳҳои январ — июни соли ҷорӣ қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 3,8 фоиз коҳиш ёфт. Ин омилро масъулин ба паст шудани қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА, зиёд гардидани тавозуни манфии савдо (зиёда аз 1,0 млрд. доллари ИМА), афзудани фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ, афзоиши хароҷоти асъории Буҷети давлатӣ барои сохтмони иншооти муҳими стратегӣ алоқаманд донистанд.   Ҳоло дар ҷумҳурӣ 82 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 26 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 7 ташкилоти қарзии хурд ва 32 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.Дороӣ ва уҳдадориҳои умумии онҳо дар ин давра мутаносибан  20,7 ва 14,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми дороиҳо 4,3 фоиз ва уҳдадориҳо 2,8 фоиз зиёд мебошад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»