Аз нишастҳои матбуотӣ

Бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Турсунзода

№93 (4043) 01.08.2019

Valizoda-1024x732- Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои қисми даромади буҷет, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва ҷубронпулиҳо чораҳои зарурӣ андешид. Дар натиҷа, буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоӣ, 100,2 фоиз иҷро ва ба он 75,2 миллион сомонӣ ворид шуд. Беш аз 95 фоизи қисми хароҷоти буҷети шаҳр барои пардохти музди меҳнат ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ равона гардид. Дар шаҳр қарздорӣ аз музди меҳнат мавҷуд нест,  — иброз дошт раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода зимни нишасти матбуотӣ, ки 29 июл доир гардид.

Раиси шаҳр илова намуд, ки ҳаҷми мол, кор ва хизматрасонӣ 1 миллиарду 95 миллион сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба як соли пеш 142 миллион сомонӣ зиёд аст. Афзоиш дар соҳаи савдо 14,6 фоиз, кишоварзӣ — 2,8 ва саноат 24,7 фоизро ташкил дод.

Зикр гардид, ки соҳаи саноат заминагузори рушди иқтисодӣ дар шаҳр маҳсуб меёбад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 432,1 миллион сомониро ташкил намуд. Фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» тад­риҷан ба ­эътидол омад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар он рӯ ба болоравӣ дорад.

Шаҳри Турсунзода бо боғҳои ангур ва дигар навъҳои мева, сабзавоти тару тоза дар ҷумҳурӣ шуҳратёр аст. Як қисми меваю сабзавот берун аз ҷумҳурӣ содирот гардида, қисмати дигар дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Дар баробари бунёди сардхонаҳо бо мақсади нигоҳдории меваю сабзавот, дар ин ҷо бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ низ вусъат меёбад, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат хоҳанд намуд.

Имрӯзҳо бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва деҳот корҳои ободонӣ вусъат пайдо кардааст. Ба ин муносибат барқарорсозӣ, бунёди беш аз 310 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки соли гузашта 52 ва дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 26 -тои он ба истифода дода шуд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»