Аз нишастҳои матбуотӣ

Дастраснамоии инкубаторҳо ва пайомади ин иқдом

№101 (4363) 05.08.2021

DSC_7040- Бо мақсади рушди чорводорӣ, зиёд намудани маҳсулнокии чорво, пешгирии таназзули чарогоҳ ва беҳдошти муҳити зист дар нимсолаи аввали соли 2021 дар 3 деҳа пули чорвогузар, 22 деҳа нуқтаҳои обнӯшӣ, як деҳа нуқтаи нигоҳдории чорво сохта шуда, дар 3 деҳа роҳҳои чорвогузор барқарор гардиданд, — изҳор дошт 30 июли соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» (ЛРЧЧ) Абдулаҳад Хоҷазода.

Бино ба гуфти ӯ, мақсади асосии ЛРЧЧ мусоидат дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва шаҳри Кӯлоб тавассути идоракунии самараноки чарогоҳ ва беҳтар намудани маҳсулнокии чорво мебошад. Дар доираи татбиқи лоиҳа дар 197 деҳаи зерҳадаф бо фарогирии 43 268 хонавода ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ таъсис ёфта, барои фароҳам овардани шароити хуби корӣ бо утоқҳои кории сайёр, мебел ва компютеру принтер таъмин шудаанд.

Бо мақсади зиёд намудани саршумори парандаҳои хонагӣ, таъминоти бозори маҳаллӣ бо гӯшти парҳезӣ, тухм, бо шуғл фаро гирифтани занони ниёзманд 125 гурӯҳи занон (бо фарогирии 625 зан) бо инкубатори чӯҷабарории хонагӣ таъмин шуданд.

- Бо истифода аз инкубаторҳои дастрасгардида 22267 чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 108881 сар чӯҷаи мурғи марҷон тавлид шуда, ба 497 зани ниёзманди деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа 2412 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 890 сар чӯҷаи мурғи марҷон ройгон дастрас гардид, — зикр кард А. Хоҷазода.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

 «Садои мардум»