Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДОТ. Маоши омӯзгорон 10 фоиз афзуд

№10 (3804) 25.01.2018

- Соли гузашта Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикис­тон ба номи Садриддин  Айнӣ ба як қатор даст­овардҳои назарраси таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, иқтисодиву хоҷагидорӣ ноил гардид, ки такмили Барномаи идоракунии электронии донишгоҳ дар шакли ба роҳ мондани ташкили журнали электронӣ бо интегратсияи  изи даст  барои дарёфти вуруд  ба синф­хонаҳо ва нуқтаҳои қабули имтиҳонӣ, таҳия ва танзими бонки саволномаҳо ва тестҳои инфиродӣ, ташкили кабинетҳои инфиродӣ ва омӯзгор, ташкили онлайн – табло ҷиҳати таъмини шафофияти раванди қабули имтиҳонҳо, ба барномаи идоракуни пайваст намудани сомона ва китобхонаи электронӣ, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати маориф ва илм таҳия кардани  мавод ҷиҳати ворид намудан ба сомонаи  таҳсилоти фосилавии ягона  ва шомил шудани Маркази таълимии касбомӯзии калонсолони шаҳри Норак ба сохтори донишгоҳ аз ҷумлаи онҳост, — гуфт Носирҷон Салимӣ ректори муассисаи таълимии олии мазкур зимни нишасти матбуотӣ, ки 23 январ баргузор гардид.

Номбурда афзуд, ки соли 2017 маоши омӯзгорон ва кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ 10 фоиз  афзуда, барои 848 номгӯйи фанҳои таълимӣ маҷмӯаҳои таълимию методӣ таҳия ва намунаҳои беҳтарин тавассути матбааи донишгоҳ нашр гардиданд. Китобҳои дарсӣ  ва дастуру воситаҳои таълимӣ, ки бо қарори Шӯрои илмию методии донишгоҳ ба нашр расиданд, 158 номгӯйро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, соли сипаришуда 15 омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои илмии хешро бомуваффақият дифоъ карданд.

Дар хусуси паркҳои технологӣ таъкид шуд, ки курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳо, асосҳои компютер, курсҳои муҳосибӣ, аксбардорӣ, сехи коркарди чӯб ва сехи коркарди ороиши санг­ҳои ватанӣ таъсис дода шуд.

- Соли 2017 созишномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Син-зян (Ҷумҳурии Халқии Хитой), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Глазовск ба номи В.К. Короленко ба имзо расид, — изҳор дошт Носирҷон Салимӣ. Ҳамчунин, зикр гардид, ки теъдоди умумии донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ 1753 нафарро ташкил медиҳанд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»