Нишасти матбуотӣ

Директор сафирро ба дурустии ибтикороташон муътақид намудааст

№ 19.07.2016

таджикстантартТибқи анъана, пеш аз оғози нишасти матбуотӣ, ки 15 июли соли ҷорӣ баргузор шуд, роҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» ба журналистон таҷҳизоти замонавии чанде пеш ба яке аз озмоишгоҳҳои  Агентӣ воридгардидаро рўнамоӣ (презентатсия) кард. Сипас, директори ниҳоди фавқ Ибодулло Қурбониён оид ба дастовардҳо дар шаш моҳи соли 2016 таври мухтасар маълумот  дод. Минҷумла зикр шуд, ки аз ҷониби кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли равон ба шарофати дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондани раванди фаъолият маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгў набуда ошкор шуданд, ки камбудиҳо дар як қисми ин маҳсулот ба ҷанбаҳои бехатарӣ ва қисми дигар ба тамғагузорӣ рабт доштанд. Ибодулло Қурбониён  аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки агар давоми соли гузашта  кормандони «Тоҷикстандарт» дар маҷмўъ 1 ҳазору 800 тонна маҳсулоти ғайристандартиро ошкор ва мусодира карда бошанд, пас дар шаш моҳи соли равон ин нишондиҳанда  4940 тоннаро ташкил додааст. Зикр шуд, ки қисмати аъзами маҳсулоте, ки дар озмоишгоҳҳо  ғайристандартӣ дониста шуданд, гӯшт, равғани растанӣ, макарон, нӯшокиҳои ташнагишикан, ғайриспиртӣ ва машрубот, маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, консерваҳо, чой, какао, қаҳва, меваву сабзавот маҳсуб мешаванд, ки асосан аз Туркия, Эрон, Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид карда шуданд. Бино ба гуфти номбурда, давоми шаш моҳи соли равон  аз Туркия  590 тонна, Ҳиндустон 300 тонна, Ҷумҳурии Халқии Хитой 269 тонна, Федератсияи Россия 186 тонна, Ветнам 10 тонна, Қазоқистон 12 тонна, Гурҷистон 69 тонна ва аз Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳама зиёдтар — 664 тонна маҳсулоти хӯрокаи ғайристандартӣ ба бозори истемолии Тоҷикистон ворид шудааст.   Дар робита ба ин, омилҳои коҳиш додани воридоти маҳсулот аз Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни саволу ҷавоб аз масъалаҳои меҳварӣ буд. Директори «Тоҷикстандарт» оид ба матолиби баъзе воситаҳои ахбори омма дар хусуси манъ  намудани воридот ва фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Эрон  вокуниш намуда,  ин андешаҳоро аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки ин раванд аз кишвари мавриди назар манъ нашуда, балки воридоти баъзе маҳсулот коҳиш дода шуд. Маҳз ҳамин омилҳо боис гардиданд, ки Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷатулло Фарғонӣ низ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

-Зимни мулоқот   мо дар заминаи далелу арқоми асоснок номбурдаро ба дурустии ибтикоротамон дар робита ба коҳиш додани воридоти баъзе маҳсулот  аз Эрон муътақид намудем,- гуфт Ибодулло Қурбониён. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки сафир баъд аз шинос шудан ба натиҷаи ташхиси маҳсулоти ғайристандартии истеҳсоли Эрон, изҳор кардааст, ки ба соҳибкороне, ки ба бозори истеъмолии Тоҷикистон маҳсулоти ғайристандартии эронӣ ворид мекунанд, минбаъд раводид дода намешавад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»