Аз нишастҳои матбуотӣ

Фавти кӯдакон коҳиш ёфт

№92 (3886) 31.07.2018

DSC_012027 июли соли 2018 дар нишасти матбуотӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода оид ба фаъолияти шашмоҳаи вазорат иттилоъ дода, аз ҷумла гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар бадани 55 бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва дар 4 нафар пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд. Ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафарони ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафаркунанда шуъбаи  пайвандсозии мағзи устухон ба фаъолият шурӯъ кард, ки пайвандсозии мағзи устухони шаш беморро амалӣ намуд.

Бино ба гуфти ӯ, дар Маркази миллии илмии пайвандсозии  узв ва бофтаҳои инсон, дар маҷмӯъ ба 412 нафар амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 29 нафар пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст. Дар марказ 63 шаҳрванди хориҷӣ низ аз амалиёти пайвандсозии узвҳо истифода кардаанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ фавти кӯдакони синни то яксола ва панҷсола нисбат ба соли гузашта кам шуда, мутаносибан ба 1000 нафар 14,7 ва 18 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамин давраи соли гузашта 16,3 ва 20,5 нафарро ташкил дода буд.

- Инчунин, аз тарафи мутахассисони Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 5462 санҷиш гузаронида, 1707 нафар ба маблағи умумии 237 850 сомонӣ ҷарима ва фаъолияти 668 иншоот бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан манъ гардид, — зикр кард Саида Умарзода.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»