Аз нишастҳои матбуотӣ

И. Қурбониён: «Тоҷикон одамони хубанд»

№85 (3722) 18.07.2017

Стандарт (2)Ин хулосаи директори «Тоҷикстандарт» ба бетафовутии шаҳрвандон дар робита ба нақзи ҳуқуқҳои истеъмолиашон рабт дорад.

Зимни баргузории нишас­ти матбуотӣ 14 июли соли равон директори «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбониён аз кам будани муроҷиати шаҳрвандон дар робита ба нақзи ҳуқуқҳои истеъмолиашон изҳори нигаронӣ намуда, ин омилро ба «хуб» будани мардуми тоҷик рабт дод. Бино ба гуфти номбурда, дар шаш моҳи соли равон оид ба ин масъала 74 муроҷиат ворид шудааст, ки бо дарназардошти ҳолати кунунии бозори истеъмолии кишвар бениҳоят кам аст.

Доир ба кишварҳое, ки аз онҳо бештар маҳсулоти ғайристандартӣ ворид мешаванд, зикр шуд, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҷода пешсафанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар баъзе маврид аз Эрон маҳсулоте ворид мешавад, ки (чойи хушк дар назар аст) аз рӯи таъинот партоб аст.

И. Қурбониён аз тағйироти ба қонунгузории мамлакат дар робита ба дастгирии бахши соҳибкорӣ воридшуда истиқбол карда, афзуд, ки соҳибкорон низ муваззафанд дар посухи ин ғамхориҳо масъулияти бештар ҳис намоянд. Мутаассифона, дар аксар маврид чунин нест. Барои мисол, аз татбиқи тағйироти ба наздикӣ ба қонунҳои дахлдор воридшуда вазифадорем, ки панҷ рӯз пеш соҳибкоронро аз тасмим бобати баргузории санҷиш огоҳ намоем. Табиист, ки ин талаботи қонун аз ҷониби қисмати зиёди соҳибкорон суиистифода мешавад ва онҳо дар ин муддат «пай»-и маҳсулоти ғайристандартиро «мерӯбанд». Бо вуҷуди ин, кормандони ин ниҳод дар 1824 корхонаи истеҳсолӣ назорати давлатии иҷрои регламентҳои техникӣ гузаронида, дар 233 ҳолат камбудӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯнабуда, истеҳсоли маҳсулоти бе сертификати мутобиқат ва ғайраро ошкор намуданд.

Мутахассисони озмоишгоҳҳои «Тоҷикстандарт» дар робита ба сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 71 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 339 тонна равғани растанӣ, 15,5 тонна маҳсулоти макаронӣ, 6915 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 4410 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 93 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 69 тонна маҳсулоти ширӣ, консерваҳо, 37,5 тонна чой, какао, қаҳва, 111 тонна иловагиҳои ғизоӣ, 10 тонна меваю сабзавотро, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ эътироф намуданд Ба ғайр аз ин, дар 2702 ҳолат барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок ба маблағи 697 980 сомонӣ ҷарима таъин гардид.

Чизи нав дар фаъолияти «Тоҷикстандарт» ҷаримабандӣ шудани 104 субъекти хоҷагидор танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ тибқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани талаботи ба либоси ягонаи фурӯшандагон рабтдошта маҳсуб мешавад. Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ барои вайрон кардани қоидаҳои савдо тибқи кодекси мазкур дар 588 ҳолат ба маблағи 136300 сомонӣ ҷарима таъин шудааст.

Зимни саволу ҷавоб маълум гардид, ки кормандони сохтор 970 қуттӣ тамоку, 453 тонна масолеҳи сохтмонӣ, 3395 дона фурӯзонаки тафсон, 2146 фурӯзонаки каммасрафро, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, ошкор намудаанд. Ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маводи сӯзишворӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нефтии «Тоҷикстандарт» дар 1412 ҳолат ташхиси 238581 тонна маҳсулот гузаронида шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади муайян намудани сифати ин қабил маҳсулот санҷиш гузаронида, дар 21 ҳолат 114,5 тонна сӯзишворӣ ғайристандартӣ арзёбӣ гардид.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»