Аз нишастҳои матбуотӣ

Имзои 12 шартномаи ҳамкорӣ дар шаш моҳ

№92 (3886) 31.07.2018

Д. Кодирзода ректори ДСХ-Бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» таълимгоҳ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонхонаҳои бонуфузи шаҳри Душанбе, Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии ­Тоҷикистон ва Шӯрои туризми ­Тоҷикистон  ҳамкории қавиро  ба роҳ монд. Ин нуктаро ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Диловар Қодирзода 26 июли соли ҷорӣ  зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Қайд гардид, ки айни замон музди миёнаи маош дар донишкада 2248 сомониро ташкил медиҳад. Профессор — 5000 сомонӣ, номзади илм — 2700, ассистент — 1300 ва кормандони ёрирасон 920 сомонӣ маош мегиранд. Ин баландтарин маош дар муқоиса бо дигар донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистон аст.  Айни ҳол теъдоди омӯзгорони соҳибунвон ва дорои дараҷаи илмӣ дар донишкада ба 62 нафар  — 6 доктори илм ва 56 номзади илм расидааст.

Дар мавриди ҳамкорӣ бо таълимгоҳҳои олии хориҷӣ ректор иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли равон бо 12 муассисаи  хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ имзо шудааст. Дар нақша аст, ки моҳи августи соли ҷорӣ ҳайати устодони донишкада ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намоянд ва бо чанде аз таълимгоҳҳои олии шаҳрҳои Самарқанд ва Тошканд ҳамкорӣ ба роҳ монанд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»