Аз нишастҳои матбуотӣ

Истифодабарандагони интернет — 3,34 миллион нафар

№93 (4355) 15.07.2021

DSC_503012 июли соли ҷорӣ нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини сардори он Илҳом Атоев баргузор шуд. Ӯ зимни пешниҳоди ҳисобот роҷеъ ба фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иброз дошт, ки даромади умумӣ 1 миллиарду 465 миллиону 440 ҳазору 355 сомониро ташкил дод, ки баробар ба 113,5 фоизи нақша мебошад. Субъектҳои хоҷагидоре, ки барои хизматрасонӣ дар соҳаи барқӣ иҷозатнома доранд, 181 ададро ташкил менамояд. Дар давоми ним сол 55 сертификати мутобиқати воситаҳои алоқаи барқӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шуд. Инчунин, шумораи истифодабарандагони интернет якҷо бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 3,34 миллион нафар мебошанд.

Теъдоди симкорти истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 571 ҳазору 500 ададро ташкил медиҳад. Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 таҳти №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» Хадамоти алоқа то ҳол 4 миллиону 960 ҳазору 152 симкортро ба қайд гирифтааст. Айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 фаъол мебошанд, 2 миллиону 441 ҳазору 967 ададро ташкил медиҳад. Зикр шуд, ки ин чорабинӣ то моҳи феврали соли 2022 давом мекунад.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»