Нишастҳои матбуотӣ

Кӯли Сарез ором ва зери назорат аст

№87 - 88 (3724-3725) 22.07.2017

IMG_01288 копияДар зарфи шаш моҳи аввали соли 2017 дар кишвар 51 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ, аз ҷумла тармафароӣ (15), барфу сармои шадид (3), борони сел (9), обхезӣ (2), раъду барқ ва жола (3), сангрезиш (17), таъсири рутубат (2) ва фаромадани  ярч (2) рух додааст, ки бар асари онҳо 27 нафар ба ҳалокат расидаанд. Зарари моддӣ 14541400 сомониро ташкил  додааст. Ҳамчунин, 92 хонаи истиқоматӣ (20 хона пурра), 556,57 гектар майдони кишт, 15 пул ва 7 муассисаи томактабӣ ва мактабӣ  зарар дидаанд.

Роҷеъ ба ин ва масъалаҳои дигар раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода зимни нишасти матбуотӣ (20 июл)  ба хабарнигорон маълумот дод.

Рустам Назарзода ҳамчунин зикр кард, ки бо дарназардошти вазъияти ба­амаломада, 10-уми феврали соли 2017 дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд. Дар он оид ба андешидани чораҳои таъхирнопазир барои дар кӯтоҳтарин фурсат бартараф намудани мушкилот дар роҳҳои мошингарди кишвар, тоза намудани роҳҳои нақлиёт аз барф ва тарма, таҳияи нақшаи нави бунёди иншооти ҳимоявӣ дар роҳҳои мошингарде, ки аз баландкӯҳҳо мегузаранд, таҳкими соҳилбандӣ дар минтақаҳои хатарнок, расонидани кумаки ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида, бахусус, оилаҳое, ки дар офатҳои табиӣ наздикони худро аз даст додаанд, супоришҳо дода шуд. Аз ҷумла, барои соҳилмустаҳкамкунӣ 295770 литр сӯзишвории дизелӣ, 39865 м2 симтӯр, 870 тонна семент аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ ҷудо гардид.

- Кӯли Сарез ором аст ва зери назорати доимӣ қарор дорад, — гуфт Рустам Назарзода дар посух ба суоли хабарнигори рӯзнома ва афзуд, ки дар сохтори Кумита раёсати махсус мавҷуд аст, ки он навбатдории шабонарӯзиро дар он ҷо ташкил намудааст. Мутахассисон бо истифода аз навтарин таҷҳизоти муосир ҳар се  соат  сатҳи  обро андоза мегиранд. Гармии моҳҳои охир  ба ҳолати кӯли Сарез таъсир нарасонидааст.

 Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»