Аз нишастҳои матбуотӣ

Мавлуда Қаландарзода: «Баррасии муроҷиатҳо тавассути почтаи электронӣ роҳандозӣ гардид»

№92 (3886) 31.07.2018

Суди Олии Иктисоди (4)Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавлуда Қаландарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 26 июли соли равон баргузор шуд, зикр кард, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 ба судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1829 парванда ворид гардид, ки нисбат ба 807 адади он ҳалнома қабул ва 93 парванда қатъ карда шуд. Ҳафтод ариза бе баррасӣ монда, чор парванда аз рӯйи тобеият ба идораҳои марбута ирсол гардид.  Дар судҳои марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 1558 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 155 адад зиёд аст.

Аз ҷониби судҳои иқтисодӣ иҷрои як қатор санадҳои судӣ таъмин ва ба Буҷети давлатӣ 9797548,26 сомонӣ боҷи давлатӣ ва зарари ба давлат расонида ворид карда шуд. Ғайр аз ин, бо санадҳои судии судҳои иқтисодӣ ба фоидаи давлат 3390030,99 сомонӣ ва 162218,62 доллари амрикоӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шуд.

Мавлуда Қаландарзода, ҳамчунин гуфт, ки барои таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо ва даст­расии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар хусуси иттилоот оид ба фаъолияти судҳо сомонаҳои судҳои иқтисодӣ дар шабакаи интернет фаъол гардонда шуд. Айни замон ба шахсони иштироккунандаи парвандаҳо маълумот оид ба маҳал ва вақти баррасии парванда тавассути сомонаҳои судҳои иқтисодӣ дастрас аст. Баррасии муроҷиатҳо аз тариқи почтаи электронӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»