Аз нишастҳои матбуотӣ

Мушкили асосӣ напардохтани ҳаққи обрасонист

№92 (3886) 31.07.2018

Аген Бехдошти Замин ва Обёри-1Дар нимсолаи аввали соли 2018 Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 47082 истифодабарандаи об дар майдони 551651 гектар шартнома ба имзо расонида, ба онҳо 1943,5 миллион метри кубӣ обро бо арзиши 34,7 миллион сомонӣ расониданд, — изҳор дошт директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон 25 июли соли 2018 зимни нишасти матбуотӣ. Номбурда зикр кард, ки аз ҷониби обистифодабарандагон  ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва пурра пардохт намешавад. Аз ин сабаб  бақияи қарзи обрасонӣ дар соли ҷорӣ 7,66 ва бо дарназардошти солҳои гузашта 112,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ,  қарзҳои кредитории ташкилоту идораҳои зертобеи Агентӣ афзоиш ёфта, то якуми июли соли ҷорӣ 195,1 миллион сомониро ташкил додааст.

Бино ба гуфти ӯ, дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 5,35 миллион сомонӣ корҳои мелиоративӣ  ба анҷом расонида, ҳолати ғайриқаноатбахши  мелиоративии 6070  гектар замини обӣ беҳтар карда шудааст.

- Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ соли равон азхудкунии 380 га замини нав ва беҳтар намудани таъминоти оби 2160 га замин ба нақша гирифта шудааст, ки то охири сол амалӣ мешавад. Илова бар ин, аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» (марҳилаи 3) азхудкунии 1750 га замини нав ба маблағи 33,7 миллион доллари ИМА оғоз гардид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»