Аз нишастҳои матбуотӣ

Олимони АИ дар шаш моҳ 668 кори илмӣ, беш аз 50 китобу монография ва 618 мақола ба табъ расониданд

№93 (4043) 01.08.2019

DSC_0560++++Дар нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 29 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, роҷеъ ба фаъолияти нимсолаи олимону муҳаққиқони кишвар маълумот дода шуд.

- Академияи илмҳо дар шаш моҳи соли 2019 ҷиҳати гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ аз рӯи самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, беҳтар кардани ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани кадр­ҳои илмии баландихтисос, такмили сохтори муассисаҳои илмӣ, ҷустуҷӯи манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузории таҳқиқоти илмӣ, равнақ додани робитаҳои илмии байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, — гуфт президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Дар ин давра олимони Академияи илмҳо 668 кори илмӣ, аз ҷумла, беш аз 50 китобу монография, маҷмӯа, брошюра, 618 мақола ба табъ расониданд.

Аз тарафи олимон дар ин давра 10 патент ва як қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои ихтироот ба даст оварда шуд.

Қайд гардид, ки шумораи аъзои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон 89 нафарро ташкил медиҳад, ки 35 нафарашон академик ва 54 нафарашон узви вобаста мебошанд. Илова бар ин, ба ҳайати АИ ҶТ 27 аъзои хориҷӣ шомиланд.

Бори аввал баргузор намудани озмуни «Беҳтарин ихтироъкори Тоҷикистон» барои дарёфти ҷоми Академияи илмҳо, ташкили экспедитсияҳои муштарак ба мавзеъҳои таърихӣ, бостонӣ, аз ҷумла, Саразм ва Карон, таъсиси марказҳои омӯзиши пиряхҳо ва тарҷума, ба нашр омода гардидани китоби «Захираи Хоразмшоҳӣ» (иборат аз 5000 саҳифа), таъмини озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот аз ҷумлаи дастовардҳои назаррас арзёбӣ гардид.

Б. Каримзода, «Садои мардум»