Аз нишастҳои матбуотӣ

Парвандаи ҷиноятии роҳбари ҶДММ «Умед 88» танҳо хусусияти иқтисодӣ надорад

№91 (3885) 28.07.2018

Суди олли (2)Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ, ки ба натиҷаҳои фаъо­лияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 бахшида шуд, гуфт, ки дар ин давра ба марҳилаи якуми Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо 74749 парванда ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2895 адад кам мебошад.

- Сифати баррасии парвандаҳо беҳтар шудааст, вале ин ҳанӯз роҳбарияти мақомоти судиро қаноатманд намегардонад, зеро риоя нашудани муҳлати баррасии парвандаҳо, ки бо 229 парванда рӯй додааст ва бекор шудани 169 қарори суди зинаҳои гуногун дар назди масъулин вазифаҳои ҷиддӣ мегузорад.

Вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба судҳо 317 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108 адад кам аст.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба парвандаҳои судӣ ба фоидаи давлат 31139024 сомонӣ ва 24896 доллари ИМА зарари ба давлат расонидашуда, ҷарима, боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо рӯёнида шуд, — иброз дошт Ш. Шоҳиён.

- Ҳарчанд дар ин давра шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида кам шуда бошад ҳам, теъдоди парвандаҳои ҷиноятӣ (5530 адад) афзудааст. — гуфт раиси Суди Олӣ ва илова кард: — Бо мақсади беҳтар намудани фаъолият ва аз байн бурдани камбудию норасоиҳои ҷойдош­та амалисозии як қатор чорабинӣ дар нимсолаи дуюми сол ба нақша гирифта шудааст.

Дар қисмати дуюми нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои хеш, аз ҷумла роҷеъ ба парвандаҳои мушаххаси дар баррасии судҳо қарордошта, масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар як қатор соҳа ва монанд ба ин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

- Парвандаи ҷиноятии роҳбари ҶДММ «Умед 88» танҳо хусусияти иқтисодӣ надорад, — изҳор намуд Шермуҳаммад Шоҳиён дар посухи яке аз суолҳо. Роҳбари ҶДММ «Умед 88» дар содир кардани ҷиноятҳо бо 7 моддаи Кодекси ҷиноятӣ гумонбар дониста мешавад.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»