Аз нишастҳои матбуотӣ

Парвариши геран ба фаромӯшӣ рафтааст

№85 (3722) 18.07.2017

Турсунзода- Соли 2017 барои мардуми шаҳри Турсунзода фаромӯшнашаванда аст. 21 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба ин шаҳри саноатию кишоварзӣ ташриф оварданд. Зимни сафари корӣ Сарвари давлат як қатор иншоотро ифтитоҳ намуда, ба корҳои саҳроӣ оғоз бахшиданд, — гуфт раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода дар нишасти матбуотӣ, ки 12 июли соли ҷорӣ баргузор гардид.

Мардуми шаҳри Турсунзода ташрифи Пешвои миллатро фоли нек донис­та, бо рӯҳияи баланди хештаншиносӣ меҳнат карда, дар бахши кишоварзӣ ҳосили хуб ба даст оварданд. Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба маблағи 126,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, ғалладона 20284 тонна, сабзавот -28310, пилла -11, мева -761 ва гӯшт 715 тоннаро ташкил дод.

То ба имрӯз дар 3066 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст. Кишоварзон, ки дар соли 2017 бунёди 108 гектар боғу токзорро ба нақша гирифта буданд, аллакай дар 23 гектар токзор ва 85 гектар боғ бунёд кардаанд.

Зикр гардид, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба 80 фоиз ва қисми хароҷоти он ба 78 фоиз расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 80 фоиз иҷро шуд. Ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба 10162 нафар шаҳрванд ба маблағи 64,5 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст.

Сиҷоуддин Саломзода, ҳамчунин бо таассуф қайд кард, ки имрӯз дар шаҳри Турсунзода парвариш ва истеҳсоли геран бо сабабҳои гуногун аз байн рафтааст.

Раиси шаҳр фаъолияти вакилони маҷлисҳои ҷамоатҳоро ғайриқаноатбахш ҳисобида, аз беаҳамиятии баъзе роҳбарони шаҳраку деҳот низ изҳори нигаронӣ кард.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»