Аз нишастҳои матбуотӣ

Ректори ДСРТ: «Хатмкунандагони донишгоҳ дар бозори меҳнат мавқеи устувор доранд»

№19 (4439) 10.02.2022

РТСУДар низоми умумии муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бахши гуманитарӣ, аз ҷумла самтҳои маориф ва илм, ҷойгоҳи махсус доранд. Ҳамкории ҷонибҳо дар ин самт ҳамчун омили асосии ҳифзи фазои умумии таҳсилотӣ ва фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи анъанаҳои таърихии робитаи миёни давлатҳо ва мардум арзёбӣ мегардад.

Бо чунин суханон ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон (ДСРТ) Тоҳир Хоҷазода  нишасти матбуотиро, ки 3 феврал доир гардид, ифтитоҳ намуд. Донишгоҳ соли 1996 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Федератсияи Россия  ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, ҳоло аз рӯи 16 самти омодасозии бакалавр, 11 самти омодасозии магистр ва чор самти барномаҳои аспирантура ва ду самти барномаи докторантураи PhD фаъолият мекунад.

- Нишондиҳандаи асосии сифати ҷараёни таълим дар донишгоҳ теъдоди хатмкунандагоне маҳсуб меёбанд, ки баъд аз хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисос ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ карда, дар бозори меҳнат мавқеъ пайдо намуданд. Биноан, ба тақдири минбаъдаи донишҷӯён бетараф набуда, бо мақсади ҳар чӣ зудтар пайвастанашон ба бозори меҳнат чорабиниҳои зиёд мегузаронем. Соли гузашта  ДСРТ — ро 902 нафар рӯзона  ва 375 нафар ғоибона хатм намуданд. Соли 2021 аз рӯи ихтисос соҳиби кор шудани 59,5 фоизи хатмкунандагони донишгоҳ шаҳодати гуфтаи болост.

Дар ДСРТ ба масъалаҳои фаъолияти байналмилалӣ аҳамияти хоса зоҳир мешавад ва яке аз самтҳои афзалиятноки он ҷалби донишҷӯёни хориҷист. Шумораи умумии донишҷӯён – шаҳрвандони хориҷӣ дар донишгоҳ 322 нафарро аз 11 мамлакати дунё ташкил менамояд. Донишгоҳ  бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ҳоло якҷо бо онҳо нуҳ лоиҳаро мавриди татбиқ қарор додааст.

Мақсади асосӣ тарғиби забони русӣ дар миёни аҳолии кишвар аст. Ба ин ҳадаф ҳоло дар пойтахт клубҳое бо номи «Олами рус» таъсис додем ва мақсад дорем, ки онҳоро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил карда, онҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонем.

Абдумаҷид МУРОДОВ, 

«Садои мардум»