Нишастҳои матбуотӣ

Сабаби ҷудошавии оилаҳо дар чист?

№92 (3729) 02.08.2017

DSC_0047Баҳри фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, тарбияи ­кадрҳои лаёқатманд, пайдо намудани истеъдодҳои ҷавон дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои донишҷӯдухтарон таъсис дода шудааст, ки дар заминаи он «Мактаби духтарони сарвар» амал намуда истодааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 50 донишҷӯдухтари макотиби олии мамлакат мактаби мазкурро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби гувоҳнома гардиданд. Дар шашмоҳаи аввали соли равон 9207 зану духтари хонашин ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, қӯроқдӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, адрасбофӣ, тоқидӯзӣ, гилембофӣ, чакандӯзӣ, намадбофӣ ҷалб карда шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1403 зан тариқи квота бо кор таъмин гардиданд.

Дар ин хусус муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ зимни нишасти матбуотӣ (28 июл) маълумот дод.

Номбурда, ҳамчунин зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 7503 ҳолати никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2146 адад кам мебошад. Қайди давлатии бекор кардани ақди никоҳ бошад, 5040 ҳолатро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта 516 ҳолат зиёд аст.

- Сабаби пошхӯрии оилаҳо дахолати хешовандон, таҳаммулнопазир будани ҳамсарон, издивоҷи хешутабории наздик, таваллуди кӯдакони маъюб, муҳоҷирати меҳнатӣ, SMS-ҳои бардурӯғ, зангҳои бемавриду бадқасдона ва ғайра мебошанд, — гуфт Марҳабо  Олимӣ.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»