Аз нишастҳои матбуотӣ

Сифати барномаҳои «Телевизиони Сафина» боз ҳам беҳтар мешавад

№92 (3886) 31.07.2018

DSC_004226 июли соли 2018 нишасти матбуотии роҳбарияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» баргузор гардид.Онро муовини якуми директори муассисаи мазкур Карим Азизов оғоз намуда, аз ҷумла гуфт:

- Ҳайати эҷодиву техникии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар нимсолаи якуми соли 2018 пурсамар фаъолият намуда, намоишҳои телевизиониро дар жанрҳои гуногун пешниҳоди бинандагон карданд. Аз оғози сол  15 лоиҳаи нав, аз қабили «Ёди рӯзгори ширин», «Хони Тоҷикистон», «Интихоб ё тасодуф», «Сайри Тоҷикистон», «Мантиқ», «Топ-5», «Инфографика», «Ҷаҳонзеб», «Комёб», «Соз», «Чашмаҳо», «Як саҳифаи таърих», «Орзуи ман» амалӣ гардиданд. Лоиҳаҳои «Шоирона» ва «Беҳтарин — 2018» низ идома доранд.

Вобаста ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо иштироки шахсиятҳои шинохта — олимон, шоирону нависандагон, ҷавонони болаёқат ва мутахассисони соҳаҳои гуногун мунтазам барномаву гузоришҳо ва суҳбатҳои гирди миз пахш гардида истодаанд. Барномаҳои «Нигоҳи нав», «Дар ин замона», «Толори оинаҳо», «Фараҳафзо», «Фасли иршод», «Вожазори маонӣ», «Вақт», «Асолат», «Меҳвар» ва амсоли ин дар хусуси пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сохтмони иншооти саноативу маишӣ ва таълимиву фарҳангӣ ҳикоя мекунанд. Дар шаш моҳи соли 2018 бештар аз 300 гузориш, 80 барнома ва 20 ролику лавҳаи телевизионӣ вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳия ва манзури бинандагон гардонида шуд.

Ҷиҳати мунтазам таблиғ намудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барномаҳои «Кӯҳандиёр», «Ганҷи ниҳон», «Сайри Тоҷикистон», «Қатрае аз илм», «Толори оинаҳо» ва «Асолат» пахш гардиданд. Ҳамчунин, доир ба ҳунарҳои мардумӣ аз тариқи барномаҳои «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон!», «Навид» ва «Фараҳафзо» аз ҳама минтақаи ҷумҳурӣ гузоришҳои таҳлилӣ пешниҳод гардиданд.

Дар шаш моҳи соли равон идораи таҳияи филмҳо ва дубляж 28 филми бадеиро тарҷума, дубляж ва пешниҳоди бинандагон намуд.

- Дар оянда нақшаҳо зиёданд. Ният дорем, ки дар давоми сол заминаи моддию техникии муассисаро боз ҳам мустаҳкам карда, барои рушди фаъолият техникаву технологияи муосирро дастрас кунем ва сатҳу сифати барномаҳоро боз ҳам баланд бардорем, — гуфт дар охир Карим Азизов.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»