Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли бобарори сиёсати хориҷии кишвар

№21 (3971) 21.02.2019

DSC_5254++ ко++пияСоли сипаришуда барои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобарор буд. Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин 12 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ баён кард. Бино ба гуфти ӯ, соли 2018 дидору мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи мамлакат доир гардиданд, ки дар самти тавсеаи муносибатҳо ҳалкунанда буданд ва вазорат дар танзиму ташкили онҳо саҳми бориз дошт.

- Ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо шарикони анъанавӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ 11 сафар ба хориҷи кишвар аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Дар натиҷаи онҳо, 127 санади дуҷониба дар бахшҳои гуногун имзо шуд, ки 7 санади сиёсӣ, 32 шартномаи байниҳукуматӣ, 36 шартномаи байналмилалии байниидоравӣ ва байнимуассисавӣ, 37 ёддошт ва протоколи байниидоравӣ ва 15 барномаи ҳамкории байниҳукуматӣ, байниидоравӣ аз ҷумлаи онҳост, — гуфт ӯ.

- Соли сипаришуда чун соли эҳё ва рушди ҳамкориҳои фарогир бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сабт мегардад. Дар давоми сол мушкилоту масъалаҳои дар тӯли беш аз ду даҳсола миёни ду кишвари ҳамсоя бавуҷудомада ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат, ки аз анъанаҳои дӯс­тиву бародарии таърихии халқҳои тоҷику ӯзбек сарчашма мегиранд, ҳаллу фасл гардиданд. Дар ин масъала сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10 март) ва сафари давлатии ҷавобии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (17-18 август) нақши ҳалкунанда бозиданд, — изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»