Аз нишастҳои матбуотӣ

Таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш меёбад

№92 (3886) 31.07.2018

Шодиён МухаммадШумораи хориҷиёне, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав майли таҳсил кардан доранд, дар ҳоли афзоиш аст. Имсол 100 шаҳрванди хориҷӣ ба риштаҳои гуногун дархост пешниҳод намудаанд.

Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ, 23 июли соли 2018 ректори донишгоҳ Шодиён Муҳаммад Султонзода зикр намуд.

Бино ба гуфти ӯ, ба ин рӯйхат шаҳрвандон аз давлатҳои Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия шомил мебошанд.

Соли гузашта 30 шаҳрванди хориҷӣ дар донишгоҳ таҳсил мекард, ки дар байни онҳо як шаҳрванди Олмон низ буд.

Барои донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ курси 3 — моҳаи омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ гардида буд, ки ба онҳо хеле кумак мерасонд.

- Ба воситаи гузаронидани конференсияҳои илмию назариявӣ тавонистем донишгоҳро берун аз кишвар муаррифӣ намоем, ки ин барои ҳар чӣ бештар ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат кард, — гуфт Шодиён Муҳаммад Султонзода.

 Сулаймон Султонов, «Садои мардум»