Анҷумани XIII Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

№151 (4101) 17.12.2019

49212453303_399798e31c_o13 декабри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби  халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13 — уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо иштироки 1917 вакил баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба фаъолияти ҳизб дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуданд.

Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва аъзои ҳизбро бо 25 — умин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрик гуфта, фаъолияти панҷсоларо таҳлилу баррасӣ ва қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ҷиҳати риояи арзишҳои умумибашарӣ тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.

Алҳол, тибқи омори расмӣ, Ҳизби халқии демок­ратии Тоҷикистон беш аз 490 ҳазор нафар узв дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 фоизи онро занон ташкил медиҳанд.

49212455148_01f873af8f_oДар идома Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, тасдиқ гардида, Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.

Дар анҷуман, ҳамчунин, масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шумораи умумии номзадҳо, ки ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод менамоянд, бояд аз 28 нафар зиёд набошад.

Иштирокчиён номзадии 28 нафар, аз ҷумла, 14 нафар занро, ки аксарият мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун мебошанд, дастгирӣ карданд.

Сипас, ҳайати нави Кумитаи иҷроия, раёсати Кумитаи иҷроия ва дигар мақомоти марказии ҳизб тасдиқ гардиданд.

Бо ҷонибдории вакилон Эмомалӣ ­Раҳмон аз нав Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб шуд. Абдуҷаббор Азизӣ муовини якум, Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон интихоб гардиданд.

www.president.tj