Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№1 (3638) 05.01.2017

аз 3 январи соли 2017, №1, ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» таъин намудани Қонунзода Ш. Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонунзода Шодигул Худобахш директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон