Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

№35-36 (4455-4456) 19.03.2022

18 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун имзо гузоштанд.

Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи захираҳои генетикӣ», «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрук аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон  асосҳои соҳиб шудан ба манзил, истифодабарии он, хизматрасониҳои коммуналӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии давлатии фонди манзилро танзим намуда, ба рушди соҳа нигаронида шудааст.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  захираҳои генетикӣ», «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ» ба рушди соҳаҳои номбурда мусоидат намуда, ба ҳифзи рустаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ равона гардидаанд.

Дар маҷмӯъ, қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, савдои хориҷӣ, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар нигаронида шудаанд.

www.president.tj