Барқия

№24 (4130) 22.02.2020

19 феврали соли 2020 Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намудааст, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Ба Шумо барои изҳори дастгирӣ дар раванди муборизаи Чин бо зуҳури эпидемияи илтиҳоби шуш, ки шакли нави коронавирус боиси он гардидааст, изҳори миннатдории самимӣ менамоям.

Имрӯзҳо, мардуми Чин таҳти роҳбарии Ҳукумати худ бар зидди эпидемияи илтиҳоби шуш мубориза бурда истодааст. Мо боварии комил, қувваю тавоноии кофӣ ва эътимоди амиқ дорем, ки дар ин мубориза ғолиб меоем.

Моҳи июни соли сипаришуда, мо дар шаҳри Душанбе суҳбату мулоқоти дӯстона доштем ва доир ба муносибатҳои Чину Тоҷикистон ва рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори андеша намуда, муносибатҳои ду кишварро ба марҳалаи нави рушду шукуфоии якҷоя ворид намудем. Ман ба густариши муносибот миёни Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса медиҳам, омодаам бо Шумо минбаъд низ баҳри тақвият бахшидан ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва рифоҳи кишварҳоямон дар робитаи наздик бошам.

Ба Шумо саломатӣ ва дар корҳоятон комёбиҳо орзумандам.

Ба мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон хушбахтиву амонӣ таманно дорам».

 www.president.tj