Барқияи табрикӣ

№105 (3406) 05.08.2015

Якуми августи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ!

Бо камоли мамнуният Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Конфедератсияи Швейтсарияро бо солгарди Иди миллии кишвар табрик ва муборакбод мегӯям.

Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои густурда дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ бо Конфедератсияи Швейтсария назари бисёр нек дорад.

Мо омодаю ҳавасманд ҳастем, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун бо кишвари Шумо қадамҳои нав ба нави устувор гузорем.

Бо ибрози орзуҳои беҳтарин ба хонуми Олиҷоҳ сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Конфедератсияи Швейтсария  хушрӯзӣ ва дастовардҳои ҷадид таманно дорам».

www.president.tj