Барқияи табрикӣ

№174-175 (3475-3476) 21.12.2015

18 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Боиси хушнудии ин ҷониб аст, ки ба Волоҳазрат самимонатарин табрикот ва беҳтарин таманниётро ба муносибати Иди миллии Давлати Қатар ирсол менамоям. Аз Худованди таоло ба Шумо сиҳатмандиву хушнудӣ ва ба кишвари дӯст ҷиҳати пешрафту шукуфоии беш аз пеш таҳти роҳбарии Шумо комёбиҳо орзумандам.

Боварӣ дорам, ки муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Қатар бо талошҳои муштарак тавсеа хоҳанд ёфт. Ин ҷониб азми самимии  хешро ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ бо Волоҳазрат барои тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, ки ба суди мардумони кишварҳои мо ва тамоми минтақа аст, таъкид менамоям.

Хоҳишмандам дуруд ва эҳтироми самимии маро қабул фармоед».

www.president.tj