Барқияи тасаллият

№84 (3385) 20.06.2015

Ҳабдаҳуми июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо эҳсоси андӯҳи бузург хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Туркия Сулаймон Демирелро дарёфт намудам.

Шодравон ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат буд. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод. Маҳз дар замони роҳбарии марҳум ва ба шарофати ӯ асосҳо ва таҳкурсии муносибатҳои созандаи дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия поягузорӣ шуда буданд. Ва ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст, ки Сулаймон Демирел, сарфи назар аз вазъи ноором ва вазнини кишвари мо, дар солҳои аввали истиқлолият яке аз аввалинҳо шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дода буд.

Дар ин лаҳзаҳои сангин, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқу самимии худро бо ин талафоти гарон ба мардуми дӯсти Туркия изҳор медорам.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

www.president.tj