Барқияи тасаллият

№22 (3816) 20.02.2018

19 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Фоҷиаи ҷон бохтани мардум бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Бо изҳори ҳамдардиву тасаллияти самимии хеш ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил хоҳонам».

 www.president.tj