Боздид аз қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия

№154 (3139) 07.12.2013

1490705_570701383000052_602478521_o

Панҷуми декабри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт ташриф оварда, бинои нави панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милитсияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо ғамхории давлату Ҳукумат ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шароити корию хизматӣ ва иҷтимоию маишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони он хеле беҳтар шуда, боиси пурзӯр шудани омодагии доимии касбии онҳо мегардад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милитсияро ифтитоҳ намуда, бо шароити муҳайёгардида бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, дар ин бинои панҷошёна, ки ҳамчунин таҳхона дорад, утоқҳои барҳавою муҷаҳҳази корӣ, толори калони варзишӣ бо олоту ашёи обутоби бадан ва бозиҳои варзишӣ, толори махсуси тирпарронӣ аз аслиҳаи муҳорибаи наздик, утоқу толорҳои барҳаво барои хоб, истироҳату фароғат, гармобаю обхона, толори бузурги маҷлисӣ ва ошхонаи дорои 250 ҷойи нишаст ҷойгир шудааст.

Чунонки иттилоъ дода шуд, дар доираи дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати кишвар барои беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва фаъолияти хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тайи чанд соли охир 54 бинову иншооти нав сохта, ба истифода дода шуда, 238 бинои маъмурии милитсия дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар таъмиру навсозӣ гардидааст.

Дар ошхонаи замонавии ин бино  хатнасури хайрияи қариб 90 писарча аз оилаҳои кормандони фавтида, маҷруҳшуда ва ниёзманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия ба таври дастаҷамъона ба роҳ монда шуд. Ба ҳар яки ин дӯстрӯякон Сарвари давлат      Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуд. Тайи 18 соли фаъолияти ин даста, мутаассифона, 27 нафар корманди он ба ҳалокат расида, 36 нафар захмҳои гуногун бардоштаанд ва баъзеяшон маъюб шудаанд.

Бо назардошти вазифаҳои душвори хизматӣ, ки дар назди Дастаи таъиноти махсуси милитсия гузошта шудаанд, аз қабили мубориза бо терроризму экстремизм, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ ва гузаронидани амалиётҳои махсус ин воҳиди низомӣ бо техникаву лавозимоти ҳозиразамон низ таъмин мебошад.

Дастаи мазкур 5 декабри соли 1995 бо ҳайати шахсии иборат аз  66 нафар дар даврае ба фаъолият шурӯъ карда буд, ки дар кишвар гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ашхоси алоҳида бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ҷинояткорона ва монеъ шудан ба раванди барқарорсозии суботу оромӣ даст ба куштору гаравгонгирӣ, содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин зада, дар байни сокинони мамлакат фазои тарсу ҳарос ва эҳсоси нобоварӣ ба фардоро ба вуҷуд меоварданд. Имрӯз бошад, тамоми шароити зарурӣ барои ин даста муҳайё гардидааст.

Кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар муддати 18 соли фаъолият дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша ва гурӯҳҳои террористӣ муборизаи беамон бурда, бо андешидани тадбирҳои фаврӣ ва гузаронидани амалиётҳои махсус аксари ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ ва ошкор намудаанд ва дар ин раванд аз худ шуҷоату мардонагии воқеӣ нишон додаанд.

Кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия маҳорати касбии худро дар амалиётҳои махсуси таълимӣ, аз ҷумла барои озод намудани гаравгонон ва безарарсозии ҷинояткорони хавфнок пайваста сайқал дода, собит менамоянд, ки онҳо дарвоқеъ метавонанд ҳомиёни барҳақи оромию субот ва ҳаёти осудаи шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияро бо солгарди 18-уми таъсиси ин воҳиди низомӣ ва бо ифтитоҳи бинои наву муҳайёшавии беҳтарин шароити корию хизматиашон табрику таҳният гуфт.

Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити корию хизматӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти корҳои дохилӣ Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 — 2020 қабул гардидааст.

Барои таъмини фаъолияти муназзами Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва бо мақсади мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақаи Рашт воҳидҳои минтақавии таъиноти махсуси милитсия таъсис дода шудаанд.

Таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, омодабошии ҷангӣ, такмили корҳои кашшофию харитасозӣ, фаъолият дар шароити кӯҳсор, тайёр намудани мутахассисон оид ба истифодаи техникаи махсус ва иҷрои саривақтии амру супоришҳои додашуда соли равон Маркази таълимии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт таъсис дода шуд, ки аз моҳи май ба ин сӯй дар он ҳар моҳ 100-150 нафар корманд ба машқҳои махсус фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин, барои ҳайати шахсии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар Академия ва Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ гузаронида мешаванд. Ғайр аз ин, тайи солҳои фаъолияти Дастаи таъиноти махсуси милитсия зиёда аз 200 корманди он барои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ба давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ фиристода шудаанд.

Дар иртибот ба омодасозии мутахассисони касбии соҳа ва ба талаботи замона мутобиқ гардонидани донишу таҷрибаи онҳо Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор карда шуд, ки дар заминаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ шуъбаи махсуси таълимӣ таъсис намояд.

Ҳамчунин ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода шуд, ки Ситоди ҳамоҳангсози фаъолияти ҷузъу томҳои махсуси вазорат таъсис дода шавад.

Дар охир изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва ҷузъу томҳои махсуси дигар сохтору мақомот дар оянда низ намунаи садоқат ба савганди ҳарбӣ ва хизмати фидокорона ба Ватан буда, дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун қарор хоҳанд дошт.

Тантанаҳои бахшида ба солгарди 18-уми Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо расми гузашти низомӣ дар иҷрои кормандону ходимони воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар ба поён расид.

 www. president.tj