Боздид аз шаҳри Кандии Шри-Ланка

№153 (3633) 17.12.2016

15 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кандии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, ки дар қисмати марказии ин давлат ҷойгир мебошад, ташриф оварда, Ибодатхонаи Дандони Буддо, Осорхонаи байналмилалии буддоӣ ва Боғи ботаникии Параденияро тамошо карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар Ибодатхонаи Дандони Буддо бо намунаи ёдгориҳои таърихии Осорхонаи байналмилалии буддоӣ шинос шуданд.

Хотиррасон бояд кард, ки Ибодатхонаи Дандони Буддо дар соҳили кӯл, дар наздикии ­Қасри Шоҳ қомат афрохта, барои намояндагони аҳли буддои сайёра макони аҳамияти муҳимдошта маҳсуб мегардад ва дар он муқаддасоти Дандони Буддо нигоҳ дошта мешавад. Ибодатхонаи Дандони Буддо соли 1988 ба рӯйхати Мероси байналмилалии таърихии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Осорхонаи байналмилалии буддоӣ низ як ҷузъи Маҷмааи таърихии Ибодатхонаи Дандони Буддо буда, дар он намунаи ҳайкалу муҷассамаҳои буддоҳо ва лоиҳаи ибодатхонаҳои буддоии кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба тамошо гузошта шудааст.

Баъди боздид аз мавзеъҳои таърихии Ибодатхонаи Дандони Буддо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ соя­даст гузоштанд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи подшоҳии ботаникӣ, воқеъ дар шаҳраки Парадения, ташриф оварда, бо тарзи парвариш ва нигоҳубини ниҳолу дарахтони маҳаллӣ ва гулу гиёҳҳои шифобахш шинос шуданд. Боғи подшоҳии ботаникии Парадения дар масоҳати 60 гектар доман паҳн карда, дар он намунаи зиёда аз 4 ҳазор гулу гиёҳ, растаниҳои шифобахш ва дарахтони нахл парвариш мешаванд.

Шаҳраки Парадения аз ҷумлаи мавзеъҳои машҳури сайёҳӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар сол зиёда аз 2 миллион нафар ба тамошои он меоянд.

Дар анҷоми боздид аз Боғи подшоҳии ботаникӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯс­тии бардавоми мардуми Тоҷикистону Шри-Ланка дар ин боғ як ниҳоли гули ҳамешасабз шинониданд.

 www.president.tj