Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№59-60 (3539-3540) 07.05.2016

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 майи соли 2016, № 214, ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Муминзод А. М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Муминзод Абдулмаҷид Мубин муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

 

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 майи соли 2016, № 215, ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Омӯзишгоҳи олии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назиров С. Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Назиров Сафаралӣ Ҷорубович аз вазифаи сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

 

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 майи соли 2016, № 216, ш. Душанбе

Дар бораи сардори Омӯзишгоҳи олии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шоҳиён А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шоҳиён Абдусаттор сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон