Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ятимов С. С.

№137 (4243) 06.11.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ятимов Саймумин Сатторович аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2020, № 21