Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод намудани Абдухолиқзода Л. А.

№9 (3959) 22.01.2019

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 22 январи соли 2019, №1187