Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҷабборзода Гулрӯ

№137 (4243) 06.11.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҷабборзода Гулрӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2020, № 12