Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Файзуллозода З. Қ.

№137 (4243) 06.11.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Файзуллозода Заробиддин Қудрат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2020, № 17