Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин намудани Ғафурзода А. Д.

№9 (3959) 22.01.2019

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 22 январи соли 2019, №1188