Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Амонзода Ш. Ш.

№137 (4243) 06.11.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Амонзода Ширин Шодӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2020, № 35