Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№100 (4206) 18.08.2020

50235128473_cd0590ac30_o17 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се қисми сеошёна ва як бинои дуошёна иборат мебошад. Масоҳати умумии он 11634 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои иловагӣ барои 624 хонанда ва хобгоҳ барои 230 ҷой пешбинӣ шудааст.

Дар бинои иловагӣ синфхонаи таълимӣ, озмоишгоҳи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, утоқи омӯзгорон ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мавҷуд аст. Барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон дар онҳо шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, барои ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифтани хонандагон ва соҳибкасб гаштани онҳо утоқҳои кандакорӣ, дӯзандагӣ ва пухтупази хӯрокҳои миллӣ бунёд ёфтааст.

Бинои хобгоҳ дорои 56 ҳуҷраи хоб, синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи мураб­бӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра мебошад.

Дар соли таҳсили 2019 — 2020 муассисаи таълимиро 91 нафар хонандаи синфи 11 ва 116 нафар хонандаи синфи 9, аз ҷумла, ду нафар бо медали тилло, хатм намудаанд.

Дар маҷмӯъ, соли таҳсили 2019 — 2020 хонандагони Литсейи президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпидаҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 122 ҷойи ифтихорӣ гаштаанд.

Мавриди зикр аст, ки литсейи мазкур аввалин Литсейи президентӣ дар мамлакат мебошад, ки соли 1998 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз насли донишманду соҳибмаърифат вобастагӣ дорад. Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат нисбат ба масъалаҳои маориф ва ҷавонон, аз ҷумла, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, соҳибихтисос гаштану бо ҷои кор таъмин шудани онҳо, инчунин, мавқеи хоса пайдо намуданашон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расида, дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам обод гардидани Тоҷикистон ва ҳифзи Истиқлолияту арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи мамлакат ба таври назаррас рушд ёфта, сатҳу сифати таълиму тарбия комилан беҳтару хубтар шуд ва  дастоварди хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат сол то сол афзун гардид.

Аснои шиносоӣ аз иншооти навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Литсейи президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо вазифадор намуданд, ки то оғози соли таҳсили 2021 дар назди литсей боғчаи кӯдакона барои 300 нафар таъсис диҳанд. Дар иншооти мазкур ҷиҳати замина гузоштан ба рушди малакаи зеҳнии кӯдакону наврасон ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа зарур шуморида шуд.

Дар пайравӣ ба сиёсати бунёд­коронаи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат тайёр кардани мутахассисон, тарбияи кадрҳои болаёқат, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва илмомӯзии насли наврас нақшаҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти  ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ПИЛҶ САНИИОСП» ва пудратчии асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмил-2012» мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ­масъулонро ба беҳтар намудани фаъолияти касбӣ ва хизмат ба нафъи Ватану миллат ҳидоят намуданд.

                                                                        ***

50235995602_6a4621b6ba_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур ҳанӯз 19 июни соли 2017 аз тарафи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ гузошта шуда буд.

Иншооти мазкур дар асоси дас­туру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.

Муассисаи таълимии мазкур, ки дар масоҳати 0,68 га бунёд шудааст, аз 4 бинои ҷудогона иборат мебошад. Мактаб 4-ошёна буда, аз 51 синфхона — 38 синфхонаи таълимӣ, 2 лабораторӣ, 1 компютерӣ бо 70 адад компютер ва 10 адад принтер, 5 синфхонаи фаннии физика, кимиё, ҷуғрофия, алгебра ва омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарону писарон, синфхонаҳои лингафонӣ, мусиқӣ, расмкашӣ, озмоишгоҳ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона барои 180 ҷой ва китобхона, толори хониши китоб бо 70 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо 10 адад компютери ба интернет пайваст ва дорои 10 ҳазор китоби бадеию таълимӣ иборат мебошад.

Мактаби нав аз тарафи соҳибкори ватанӣ — роҳбари Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж» Ҳурматулло Зайдов сохта шудааст.

Дар таълимгоҳ муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ фароҳам гардидааст. Синфхонаҳои алоҳида барои фанҳои биология, химия, омодагии дифои ҳарбӣ ва геомет­рия ташкил карда шудааст. Ҳамчунин, дар мактаб утоқҳои алоҳидаи озмоишгоҳ бунёд ва барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёнияти дарсӣ таъмин гардидааст.

Ба илова, дар мактаб ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ барои созмони хонандагон ва падару модарон мавҷуд аст. Волидон дар ҳуҷраи махсус, ки монитор насб гардидааст, метавонанд ба ҷараёни дарс иштироки фарзандонро дар машғулиятҳо назорат намоянд. Бояд гуфт, ки ҳамкории мактаб бо оила дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хуб ба роҳ монда шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 ба ҳунаромӯзии толибилмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар ин ҷо утоқҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, кушода шудааст. Толибилмон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сарулибос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Барои дӯстдорони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонида мешавад, ташкил гардидааст.

Синфхонаи технологияи иттилоотӣ низ бо муосиртарин дастгоҳҳои корӣ таъмин мебошад.

Бо мақсади ҳифзи солимии омӯзгорону толибилмон, дар иншооти мазкур ҳуҷраи равоншинос ва нуқтаи алоҳидаи тиббӣ мавҷуд ва бо ҷиҳози зарурии кумаки аввалияи тиббӣ таъмин аст.

Дар баробари корҳои сохтмонӣ, дар гирду атрофи иншоот гулу буттаҳои ороишӣ шинонида, дар роҳравҳо нишастгоҳҳо гузошта шудааст.

Ба хотири оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзишӣ бунёд ёфтааст, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва тарбияи бадан пешбинӣ гардидааст.

Баъди бунёди мактаб дар ин ҷо 40 нафар омӯзгор соҳиби ҷои кор гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки то ин дам фарзандони сокинони 7 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур аз сабаби набудани мактаб таҳсилро дар дигар муассисаҳои таълимӣ идома медоданд. Акнун баъди аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шудани ин даргоҳи маърифат мушкилоти онҳо ҳал гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдомҳои соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ба донишандӯзӣ фаро гирифтани насли ояндасози кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.

Пас аз ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои мактаб бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, хонандагону омӯзгоронро ба муносибати оғози соли нави хониш ва ифтитоҳи иншооти муосири илмомӯзӣ табрику таҳният гуфтанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯён баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати кишвар барои ташаббусҳову иқдомоти созанда ҷиҳати рушди соҳаи маориф, бун­ёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва таъмини шароити созгори илму ҳунаромӯзӣ изҳори сипос ­намуданд.

www.president.tj