Иштирок ва суханронӣ дар Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд»

№171 (3472) 14.12.2015

23617994841_97ecba174a_zРӯзи 12 декабр дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» иштирок ва суханронӣ кард.

Қабл аз оғози кори конфронс Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо дар маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи «Бетарафии Ҷумҳурии Туркманистон» иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони гиромидошти анъанаҳои неки равобити байни мардумони Тоҷикистону Туркманистон дар назди муҷассама гулчанбар гузошта, ба таъриху фарҳанги кишвари дӯст эҳтиром ба ҷо овард.

Ҷаласаи умумии Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» дар бинои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Туркманистон  баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳову ҳайатҳоро Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов истиқбол гирифт.

Пас аз пазиройии меҳмонони олимақом дар ҳамин ҷо маросими аксбардории умумии иштирокчиёни конфронс доир гардид.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов ифтитоҳ намуда, ҳамаи иштирокчиён, сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳоро хайра мақдам гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронс суханронӣ кард.

Зимни суханронии хеш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «роҳи бетарафии мусбат, ки аз ҷониби роҳбарият ва мардуми туркман дар марҳалаи ҳассостарини таърихи истиқлолият интихоб гардид, имкон дод, ки зербинои ободии имрӯзаи кишвари дӯст ва тағйироти бузург дар ҳама соҳаҳои ҳаёти он гузошта шавад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти байналмилалии бетарафӣ андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки қисмҳои таркибии он, аз ҷумла омодагӣ ба шарикии ҳамаҷониба, қабул доштани таҷрибаи мусбати ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва шарикони минтақавӣ пуштибонии қавӣ пайдо карданд, ки тасдиқ шудани қарори Созмони Милали Муттаҳид дар бораи бетарафии Туркманистон шаҳодати он аст.

Вобаста ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ барои ҳалли ҳамаи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ, муқовимати муассир бо таҳдиду хатарҳои муосир ва таъмин кардани сатҳи рушди сифатан нав ҳамаи захираву имкониятҳоро дорад.

Амалӣ намудани барномаҳои хислати минтақавидошта дар бахшҳои энергетикаву алоқа, нақлиёту коммуникатсия ва эҷоди технологияҳои нав барои афзоиши имкониятҳои Осиёи Марказӣ, ба боло бурдани некуаҳволии мардумони мо ва пешрафти минтақа нигаронида шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки талошҳои муштараки мо ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ муҳимтарин масъалаи рӯз мебошад.

- Дар ин росто, ҳамкорӣ бо Туркманистон, ки имкониятҳои назаррас дорад, барои мо махсусан муҳим аст ва Тоҷикистон барои тавсеа ва таҳкими он саъй хоҳад кард, — иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президент ва мардуми туркманро бо ҷашни бетарафӣ самимона табрик гуфта, таъкид намуд: «Ҳадафҳои мазкур бо асли бетарафии Туркманистон на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва равобити бисёрсамтаи байналмилалӣ, балки ба афзалият доштани масъалаи рушди умумиинсонӣ нигаронида шудаанд ва комилан мутобиқ мебошанд».

Бо ҳамин Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» анҷом ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 декабр пас аз иштирок дар Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» аз шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ба Ватан баргашт.

www.president.tj