Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ бо Ислом Каримов

№115 (3595) 06.09.2016

29390141736_a8e014aa88_oСеюми сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими дафни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим пури Ҷаҳонгир, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳум Ислом Каримов вориди шаҳри Самарқанд шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.

Маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар майдони Регистон ва митинги мотам дар Қароргоҳи ҳукуматии шаҳри Самарқанд баргузор гардид.

Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, сарони як қатор давлатҳою ҳукуматҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими видоъ ба мардуми дӯсту бародари Ӯзбекистон, наздикону пайвандон ва ба аҳли оилаи Ислом Каримов аз номи Ҳукумат ва мардуми тоҷик изҳори тасаллияту ҳамдардии амиқ баён карда, даргузашти Ислом Каримовро талафоти азим барои ҳукумат ва халқи ӯзбек, ҳамзамон кулли мамолики дӯсти ин кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида буд. Аз соли 1995 дар шаҳри Тошкент Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мекунад. Айни замон заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро 111 созишнома ва аҳднома дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.

Санадҳои асосие, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расидаанд, самтҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайнро муайян месозанд. Ба рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию бародарӣ ва ҳамсоягӣ вохӯриҳои дуҷонибаи сарони давлатҳо аз рӯзҳои нахустин заминаи мусоид фароҳам овард.