Иштироки Пешвои миллат дар Саммити оби Будапешт

№147 (3627) 01.12.2016

bws-logom-en27 ноябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Аҳмадзод Раҳмон, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

 28-уми ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосӣ дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин чорабинии муҳим, ҳамчунин Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Ҷумҳурии Маврикий, ҳамраиси Панели сатҳи баланд оид ба об хонум Амина Ғуриб Факим, Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина, раиси Маҷмааи умумии СММ Питер Томпсон, мудири иҷроия, роҳбари молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ Йоахим Леви иштирок намуданд.

Саммити оби Будапешт бо суханронии Президенти Маҷористон Янош Адер ва Паёми видеоии Дабири кулли СММ Пан Ги Мун оғоз гардид. Сипас, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баргузории Саммити оби Будапештро воситаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки байналмилалӣ дар соҳаи об арзёбӣ карда, аз нақш ва мақоми устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъа­лаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш бурда, бо ташаббуси он ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид солҳои гуногунро «Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти  «Об — барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон кардааст.

Дар баробари ин ташаббусҳои бузург, имрӯз низ Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон фаъолона иштирок намуда, иқдому ташаббусҳои наву муҳимро дар ин самт пешниҳоди ­ҷомеаи ҷаҳонӣ менамояд.

Барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани заминаи мусоид ва имконоти муосирро зарур шуморида,  ҷонибдории пешниҳодро доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони «Об — барои рушди устувор» амали муҳими  башардӯстона арзёбӣ карданд.

Аз нигоҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ин ташаббус заминаи мусоиди  таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашударо фароҳам оварда, ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиринро барои таҳкими ҳамгироӣ дар роҳи истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёна, ҳифзи низоми экологии об, пешгирии хавфи сар задани буҳронҳои обиву хатари тағйир­ёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба об ҷалб намуданд.

Дар охир Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саммити оби Будапештро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои вобаста ба об дар ҷаҳони муосир арзёбӣ карда, изҳори боварӣ  намуданд, ки ин тадбир боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талош­ҳои дастаҷамъонаи кишварҳои сайёра дар роҳи  расидан ба ҳадафҳои рушди устувор хоҳад шуд.

 www.president.tj