Мулоқот бо Абдулмалик Саллол

№164 (3465) 03.12.2015

12304121_933118373425016_8359353852827365725_o 30 ноябри соли 2015 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 21-уми  Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқӣ — Демократии Алҷазоир Абдулмалик Саллол мулоқот намуд.

Зимни мулоқот оид ба дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст гуфтугӯйи  самимӣ анҷом дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мардумони шарифи кишварҳои қадимаи моро робитаҳои хеле амиқи таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак мепайванданд.

- Мо низ ҳавасманди ҳамкориҳои хуб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар самти иқтисоду фарҳанг ва энергетика ҳамкорӣ дошта бошем, — изҳор дошт дар ҷараёни суҳбат Абдулмалик Саллол.

Дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, тиҷорати минтақавию байниминтақавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз меваву сабзавот, истихроҷи газу нефт ва бунёди корхонаҳои коркарди нефт гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг низ ба роҳ монда мешаванд.

Ҷонибҳо аз вазъи  имрӯзаи минтақаи Шарқи Наздик изҳори нигаронӣ намуда, хоҳони ҳалли мусолиматомези буҳронҳои бамиёномада дар кишварҳои минтақа шуданд ва изҳори умед карданд, ки кишварҳои мусалмонӣ дар мубориза бар зидди экстремизму терроризм ҳамкории худро дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ тақвият мебахшанд.

 www.president.tj