Мулоқот бо Ян Вапавуори

№164 (3465) 03.12.2015

12322512_933667556703431_3319930279970481327_oШоми якуми декабри соли 2015 дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Ян Вапавуори мулоқот кард.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки сармоягузории аврупоӣ баррасӣ шуд.

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки аврупоии сармоягузориро шарики боэътимоди худ медонад ва омода аст, ки сатҳи ҳамкориҳоро боло бибарад, — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро вобаста ба рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф, тандурустӣ, фаъолияти бонкӣ,  ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сармояи Бонки аврупоии сармоягузориро дар соҳаҳои ҷустуҷӯ, истеҳсол ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баррасӣ карданд.

Дар мулоқот инчунин доир ба иштироки бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқ, аз ҷумла лоиҳаи хатти баландшиддати барқи CASA-1000 барои интиқоли барқ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон гуфтугӯ сурат гирифт.

 www.president.tj