Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

№77 (3871) 23.06.2018

42914392571_5e399e5930_o20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.

Дар он ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Туркманистон ва масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъоли роҳбари ин кишвари дӯстро дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» нишонаи возеҳи дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар маънидод карданд.

Ҷонибҳо, инчунин оид ба мавқеи ҳамсони кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, таъмини амнияти минтақа, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир андешаронӣ карданд.

Аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои робитаҳо, татбиқи санадҳои қаблан қабулшуда, рушди шарикӣ ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла иқтисодиёт, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноати сабук, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Барои расидан ба ҳадафҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш таъсиси намояндагии тиҷоратӣ ва шӯрои соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

www.president.tj