Ноҳияи Ёвон дар замони Истиқлолият ба маркази бузурги саноатӣ табдил ёфт

№115 (3595) 06.09.2016

29467012885_2ac26594ed_oСуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани корхонаҳои нави ҶДММ «Криолит»  

панҷуми сентябри соли 2016

Ҳозирини гиромӣ!

Боиси хушҳоливу сарфарозист, ки дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвари азизамон дар ноҳияи Ёвон боз се корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки ин падидаи нек идомаи мантиқии сиёсати саноатикунонии мамлакат мебошад.

Ба ин муносибат, ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарам, сокинони ноҳияи Ёвон ва кулли саноатчиёни мамлакатро табрик гуфта, дар пешрафти фаъолияти корхонаҳои навбунёд комёбиҳо орзу менамоям.

Корхонаҳои имрӯза асосан бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик бо криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар асоси коркарди ашёи хоми ватанӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи онҳо истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна алюминийи фтордор ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат мебошад.

Аз маҳсулоти истеҳсолшаванда 80 фоиз барои эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик истифода гардида, боқимондаи он содирот мешавад.

Бояд гуфт, ки зимни амалисозии корҳои сохтмон дар иншооти мазкур беш аз 600 нафар мутахассисону бинокорон фаъолият дошта, ҳоло дар натиҷаи ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардани корхонаҳои зикршуда зиёда аз 500 ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Муҳимтар аз ҳама, ҳангоми пурра ба фаъолият оғоз намудани ин корхонаҳои кимиёвӣ масъалаи бо ашёи хоми зарурӣ таъмин кардани Ширкати алюминийи Тоҷик асосан ҳаллу фасл мегардад.

Дар корхонаи криолит дар баробари маҳсулоти асосӣ, инчунин солона 75 ҳазор тонна гаҷ истеҳсол карда мешавад, ки барои қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ ба ин намуди масолеҳи сохтмон мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки металли алюминий дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар истеҳсолоти саноатӣ васеъ истифода гардида, ҳамчун масолеҳи сохтмон, бунёди хатҳои интиқоли барқ ва умуман дар соҳаи энергетика, инчунин истеҳсоли садҳо намуди молу маҳсулот истифода мешавад.

Аз ин лиҳоз, ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои имрӯзаи коркарди ашёи хоми ватанӣ, дар баробари истеҳсоли алюминий, ба рушди як қатор соҳаҳои дигар кумаки ҷиддӣ мерасонад.

Пешбинӣ мегардад, ки баъди татбиқи пурраи лоиҳаҳои мазкур Ширкати алюминийи Тоҷик имкон пайдо мекунад, ки ҳар сол ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ (баробар ба 36 миллион доллари амрикоӣ) маҳсулоти воридотивазкунанда ва молҳои содиротиро дар дохили кишвар истеҳсол намояд.

Сохтмони ин се корхонаи ифтитоҳшудаи имрӯза соли 2008 оғоз гардида, моҳи июни соли 2014 Ширкати алюминийи Тоҷик бо Корпоратсияи миллии мошинсозии вазнини Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба анҷоми сохтмону таҷҳизонидани корхонаҳо қарордод ба имзо расонида буд.

Барои бунёду таҷҳизонидани корхонаҳои Ҷамъияти «Криолит» беш аз 990 миллион сомонӣ (баробар ба 126 миллион доллари амрикоӣ), аз ҷумла беш аз 290 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ширкати алюминийи Тоҷик сармоягузорӣ шудааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба мутахассисону бинокорон ва сармоягузорони корхонаҳои мазкур барои фаъолияти пурсамар дар бунёди ин иншооти муҳими саноатӣ миннатдорӣ изҳор менамоям.

Ҳозирини муҳтарам!

Стратегияи рушди соҳаи саноати мамлакат ба иваз кардани маҳсулоти воридотии саноатӣ бо маҳсулоти ватанӣ нигаронида шудааст.

Дар доираи амалисозии ин ҳадаф ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ гузаштани Ширкати алюминийи Тоҷик иқдоми саривақтӣ мебошад.

Итминон дорем, ки истеҳсол ва истифодаи криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар дохили мамлакат дар баробари кам кардани хароҷоти истеҳсоли алюминий, имконият медиҳад, ки ба таври маҷмӯӣ фаъолияти якчанд корхонаи алоқаманд мунтазам ба роҳ монда, ҳазорҳо нафар сокинони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд.

То имрӯз, криолит ва алюминийи фтордор барои истеҳсол кардани алюминий аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд ва баъди ба истифода супоридани корхонаҳои истеҳсолии имрӯза маблағҳое, ки барои харидории криолит ва фториди алюминий сарф мегардид, дар дохили кишвар боқӣ монда, барои рушди минбаъдаи Ширкати алюминийи Тоҷик равона карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти корхонаҳои сохташаванда ба тамоми талаботи бехатариву экологӣ ҷавобгӯ буда, онҳо аз минтақаҳои аҳолинишин дар масофаи безарар ҷойгир шудаанд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур, бо дарназардошти истифодаи васеи ашёи хоми худӣ, барои коҳиш додани арзиши аслии алюминий ва ба даст овардани фоидаи иловагӣ аз истеҳсоли маҳсулот имконият фароҳам оварда, ба рушди саноати кимиёи Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад.

Флюорит барои истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор ашёи хоми асосӣ буда, истихроҷи он дар ҳаҷми 300 ҳазор тонна аз кони «Такоб»-и ноҳияи Варзоб ба нақша гирифта шудааст.

Дар натиҷаи коркарди маъдани истихроҷшуда дар Комбинати ғанигардонии «Такоб» 60 ҳазор тонна флюорити тоза истеҳсол карда мешавад.

Бо амалӣ гардидани ин иқдом боз як кони истихроҷи маъдан мавриди истифодаи самаранок қарор гирифта, Комбинати ғанигардонии «Такоб», ки солҳои сол аз фаъолият бозмонда буд, ба кор медарояд ва ин иқдом боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад.

Бо дарназардошти ин, ҳоло барои истихроҷу коркарди маъдан ва умуман, ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти Комбинати ғанигардонии «Такоб» мутахассисони маҳалливу хориҷӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Дӯстони азиз!

Дар натиҷаи азму талошҳои мунтазами Ҳукумати мамлакат ва тадриҷан амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ҷиҳати рушди соҳаи саноат ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар замони Истиқлолият ба як маркази бузурги саноатӣ табдил ёфт.

Махсусан, солҳои охир ба фаъолият оғоз кардани чандин корхонаи азими истеҳсолӣ иқтидори саноатии ноҳияро бамаротиб баланд бардошт.

Ҳамзамон бо ин, чанд рӯз пештар роҳи оҳани Душанбе — Ёвон — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ба фаъолият оғоз кард, ки барои боз ҳам тараққӣ ёфтани соҳаи саноати вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ёвон аҳамияти калон дорад. Зеро барои рушди саноат мавҷудияти роҳи оҳан омили муҳим мебошад.

Муҳимтар аз ҳама, дар ин раванд ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуда, сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия торафт беҳтар гардида истодааст.

Умуман, ёдовар мешавам, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо таъсиси се корхонаи нави имрӯза шумораи корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия ба 40 расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия боз ҳам афзоиш меёбад.

Дар ин раванд зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, аз рӯи касбҳои техникиву муҳандисӣ диққати махсус дода шавад. Зеро эҳтиёҷоти корхонаҳои саноатии навбунёди имрӯза ва умуман, соҳаи саноати мамлакат ба муҳандисону технологҳо, мутахассисони соҳаи саноати кимиё ва кадрҳои дорои касбу кори гуногун торафт меафзояд.

Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарам ва кулли саноатчиёни мамлакатро ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нави саноатӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо баракати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.

Саломат бошед!