Роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№118-119 (3598-3599) 15.09.2016

РохпаймоиСубҳи нуҳуми сентябри соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 25-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат доштанд.

Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сокинони пойтахт ва мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати биступанҷумин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.

Ба андешаи Роҳбари давлати Тоҷикистон, мардуми соҳибдавлати тоҷик дар ҳама давру замон ба хотири ободии диёр, ҳимояи марзу буми он ва раҳоӣ ёфтан аз мушкилот ҳамеша сарҷамъу муттаҳид шуда, Ватани худро соҳибӣ кардаанд ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшидаанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки яке аз беҳтарин намунаҳои заҳмату талошҳои аҳлонаи халқи Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкиму тақвияти давлату давлатдории миллӣ ва сарҷамъиву ваҳдат мебошад. Ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ нишонаи имондорӣ буда, ҳар як фард бо анҷом додани қарзу рисолати фарзандӣ дар назди миллат ва давлати худ сарбаланд мемонад.

Сипас, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони вазорату идораҳо, намояндагони бахшу соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳову  намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-Модар, арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат роҳпаймоӣ карданд.