Ифтитоҳи корхонаи маҳлулҳои зарфшӯйӣ ва оғози сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ноҳияи Данғара

№30-31 (3176-3177) 28.03.2014

23 марти соли 2014 дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйиро расман ба кор дароварда, ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт оғоз бахшид.

Нахуст корхонаи «Тоҷи Осиё», ки ба истеҳсоли маҳлулҳои шустушӯй машғул аст, расман ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 1,4 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкорони хусусии эронӣ бунёд ёфтааст.

Иқтидори ҳозираи корхона 400 тонна маҳсулот дар як сол буда, дар он ҳоло 15 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. То соли оянда иқтидори корхона фузун гардида, шумораи коргарон ба 45 кас хоҳад расид.

Маҳлулҳои шустушӯйи ин корхона бо технология ва сертификати олмонӣ истеҳсол шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд.

Корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара бо саҳмгузории муштараки ширкатҳои Тоҷикистону Хитой бунёд ёфта, дар он солона аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафти хом маҳсулоти тайёри гуногун истеҳсол карда хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони он оғози расмӣ бахшид.

Дар сурати ба кор даромадани 2 навбати аввали корхона ва нуқтаҳои ёрирасони он дар ин ҷо 3500 нафар бо корӣ доимӣ таъмин мегарданд, ки 80 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.

www.president.tj