Ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Ҳусейншайхи ноҳияи Данғара

№30-31 (3176-3177) 28.03.2014

мактаб

Субҳи  22 марти соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ва вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф овард.

Боздиди корӣ аз деҳаи Ҳусейншайхи деҳоти «Корез» бо ифтитоҳи расмии мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфт.

Мардуми деҳа ва хусусан омӯзгорону хонандагон аз мавриди истифода қарор гирифтани мактаби нави замонавӣ басо хушҳол шуданд, зеро то ин вақт дар ин ҷо танҳо мактаби нуҳсола мавҷуд буд ва хонандагони синфҳои болоӣ ба мактаби умумии деҳаи ҳамсоя мерафтанд.

Тавре зикр гардид, бунёди ин мактаб соли 2012 оғоз гардида, бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст бунёд шудааст ва дорои 22 синфхонаи таълимӣ, утоқҳои маъмурӣ, майдони варзишӣ ва устохонаҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир мебошад.

Майдони варзишии ин мактаб, ки аз се қисмат иборат буда, барои бозиҳои футбол, волейболу баскетбол, теннис ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шудааст, басо зебою диданӣ мебошад.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми деҳаи Ҳусейншайхро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, мактаби навро туҳфаи пурарзиши наврӯзӣ номид ва хонандагони онро ба таҳсили хубу аъло, одобу ахлоқи ҳамида ҳидоят намуд.

www.president.tj